Иззатмоҳ Саъдуллоева – модари Наимҷон Саъдуллоеви 30-сола – афсари Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, бовар надорад, ки ҷустуҷӯи писараш дар дарёи Панҷ идома дошта бошад.
Наимҷон Саъдуллоев рӯзи 16-уми июли имсол ҳамроҳи шаш нафари дигар бояд тавассути заврақе, ки ба кумаки мардуми аз сел осебдидаи Дарвоз фиристода шуда буд, ба деҳаи Ширговад мегузашт. Аммо заврақ аз кор монд ва дар натиҷа чаҳор нафар наҷот ёфта, 3 каси дигар ғарқ шуданд. Ҷасади ин се нафар то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин шабу рӯз ҷустуҷӯ идома дорад.
Ӯ мегӯяд, талаби ҷуброни молӣ надорад. Танҳо аз мақомот мехоҳад, ки ҷасади фарзандашро пайдо кунанд
Иззатмоҳ Саъдуллоева рӯзи 5-уми август, баъди як рӯзи мулоқоташ бо муовини вазири дифои Тоҷикистон гуфт, ҳоло сатҳи дарёи Панҷ назар ба як моҳи қабл поин рафтааст ва имкони пайдо кардани ҷасадҳо вуҷуд дорад. Модари ин афсари Вазорати дифоъ гуфт, агар фарзандаш ҷинояте содир мекард, даъвое надошт, "вале Наимҷонро дар ҳоле ки бемор буд, аз Мастчоҳ ба Дарвоз даъват карданд".
Ӯ мегӯяд, талаби ҷуброни молӣ надорад. Танҳо аз мақомот мехоҳад, ки ҷасади фарзандашро пайдо кунанд.
Ба гуфтаи модари Наимҷон Саъдуллоев, як сабаби аз Мастчоҳ то ба Душанбе омадан ва муроҷиат карданаш ба вазорат ин аст, то посухе ба суолҳои пайдарпай ва такрории наберааш Абдусаттори шашсола биёбад, ки ба қавли ӯ "ҳар замон мепурсад: бибиҷон, дадам кай меояд?" Ӯ гуфт, барои таскини дили наберааш гуфтаанд, ки падараш ба Русия рафтааст.
Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир муовини раиси ин ниҳод дар Дарвоз қарор дорад ва на танҳо наҷотдиҳандагони вилояти Бадахшон, балки наҷотдиҳандагони минтақаи Кӯлоб низ ба ҳамонҷо рафтаанд. Ӯ гуфт, рӯзи гузашта наҷотдиҳандагон 14 километр соҳилро ҷустуҷӯ карданд.
“Ҳоло ба хулоса расидем, ки наҷотдиҳандагони тоҷик якҷоя бо ҳамтоёни афғонашон дар минтақаҳое, ки муайян намуданд эҳтимоли будани ҷасад дар ҳамон ҷо аст, корҳои ҷустуҷӯиро идома диҳанд”, - афзуд ӯ.
Наимҷон Саъдуллоев 30 сол дошт ва дар ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омада буд. Бино ба нақли бародараш Нӯъмон, ӯ баъди хатми мактаб дар зодгоҳ таҳсилро дар донишкадаи ҳарбии Душанбе идома дод ва баъдан дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба фаъолият шурӯъ кард. Ӯ бештар дар минтақаҳои наздимарзӣ ба безарар кардани минаҳо машғул буд. Нӯъмонҷон мегӯяд, бародараш агарчӣ медонист, касбаш пурхатар аст, касбашро дӯст медошт ва ҳеҷ гоҳ аз инки ин роҳро интихоб кард пушаймонӣ накардааст.
Капитани вазорати дифоъ, Наимҷон Саъдуллоев, як моҳи пеш барои ифои вазифа ба Дарвоз сафарбар шудааст. Ба минтақаи селзадаи Ширговад ҳам ӯ барои тарконидани кӯҳпорпаҳо ва роҳкушоӣ рафтааст. Ҳамкасбонаш дар Дарвоз ба Нуъмонҷон гуфтаанд, дар заврақ ӯ ба хотире нишаст, ки ба таркиши навбати омодагӣ медид ва бояд ҷойи онро пайдову дақиқ мекард.
Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки эҳтимоли зинда берун омадани Наимҷон ба соҳил вуҷуд дошт, аммо ӯ ва як намояндаи вазорати умури дохилӣ барои наҷоти духтари 10-солае кӯшиш карданд ва маҷрои пуршӯри об барояшон имкони наҷоти ҷони духтарак ва ҷони худашонро надод.
Бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон рӯзи 16-уми июл дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз, дар баробари капитани Вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, Анвар Ёдалиев – корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон ва Фирӯза Акобирова – сокини 10-солаи ноҳияи Дарвоз ғарқ шуданд.