Путин гуфт, ки бар сари ширкаташ дар интихоботи президентӣ фикр мекунад

Путин дар вақти мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи Le Figaro - 29 майи соли 2017

Путин дар вақти мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи Le Figaro - 29 майи соли 2017

Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки бар сари мавзӯи иштирок дар интихоботи президентӣ, ки моҳи марти соли 2018 баргузор хоҳад шуд, фикр мекунад.

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи 4 август ба дархости як сокини Бурятия, ки гуфт, "мардум мехоҳад, шумо бори дигар дар интихобот номзад шавед" ин посухро дод.

Путин, ки аз соли 2000 зимоми Русияро гоҳ ба ҳайси президент ва гоҳ ба ҳайси сарвазир дар даст дорад, ба бовари аксарият дар интихобот иштирок мекунад ва бори чаҳорум раиси ҷумҳур мешавад.

Интихоботҳои Русия дар шароити назорати шадид аз болои номзадҳо, дастрасӣ ба расонаҳои сартосарӣ ва шумориши овозҳо баргузор мешаванд.

Комисияи марказии интихоботии Русия пештар аз ин хабар дода буд, ки сиёсатмадори мухолифи рус Алексей Навалний ба далели доштани "доғи судӣ" ҳаққи номзад шудан дар интихоботро надорад.