Аз қочоқи инсон чӣ гуна бояд пешгирӣ кард?

Бо як силсила чорабиниҳои иттилоотӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон қайд мешавад. Созмони Милал дар соли 2013 30-уми июлро Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон эълон карда буд. Имсол, бо ибтикори Шабакаи созмонҳои иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва муқовимат ба савдои одамон мавсум ба «Умед», дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафашон огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои марбут ба савдои одамон мебошад.

Ин чорабиниҳо бо мусоидат ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии кишвар (Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират – Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) баргузор мегарданд.

Шоми 5-уми август дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон баргузор мегардад. Ихтиёриён баргаҳои иттилоотӣ бо маълумот доир ба савдои одамон тақсим мекунанд ва дар мавзӯъи ин хатар сӯҳбатҳо мегузаронанд.

Дар силуэтҳои рамзӣ метавон бо қиссаҳои воқеии қурбониёни савдои одамон аз Тоҷикистон шинос шуд. Ин сарнавиштҳо аз кор дар шароити ғуломона дар Русия, истисмори шаҳвонӣ дар Имороти Муттаҳида ва Туркия, ва гадоии иҷборӣ дар Қазоқистон ҳикоят мекунанд. Чорабиниҳои иттилоотӣ дар бастагӣ ба ин рӯз, ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои дигари Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Ба гуфтаи Саноат Солиева, раҳбари СҒҲ «Фемида» ва Шабакаи «Умед» "савдои одамон – ғулом сохтани одамон дар шаклҳои замонавӣ мебошад ва ин падида имрӯз ҳамаро, аз ҷумла, ҳукуматҳо, ҷомеаҳо, ва созмонҳои байнулмилалиро нигарон кардааст. Шаклҳои асосии савдои одамон кори иҷборӣ ва истисмори шаҳвонӣ мебошанд. Ба гуфтаи хонум Солиева, на танҳо марду зан, балки кӯдакон ва пиронсолон низ метавонанд қурбонии гуруҳҳои ҷинояткор ва одамфурӯшон гарданд.