Маскав хабари талафоти сарбозонаш дар Сурияро рад кард

Сухангӯи Вазорати дифои Русия Игор Конашенков

Русия хабари Reuters дар бораи талафоти низомиёни рус дар Сурияро рад кард.

Вазорати мудофиаи Русия мегӯяд, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун 10 низомии рус дар Сурия кушта шуд. Ин дар ҳолест, ки хабаргузории Reutersрӯзи гузашта навишт, ки аз ибтидои соли ҷорӣ ҳадди ақал 40 сарбоз ва корманди ширкатҳои хусусии низомии Русия дар Сурия кушта шудааст.

Reuters менависад, таҳқиқот дар асоси шоҳидии пайвандон ва дӯстони кушташудаҳо, инчунин мансабдорони маҳаллии Русия анҷом шудааст. Бисёре аз ҳамсуҳбатҳои хабаргузорӣ гуфтаанд, ки мақомот онҳоро аз суҳбат кардан дар бораи низомиёни қурбоншуда манъ кардаанд.

Аммо вазорати мудофиаи Русия навиштаҳои Reuters-ро рад кард. "Бори аввал нест, ки Reuters талош дорад бо ҳар роҳ амалиёти низомии Русия дар Сурияро бадном кунад" - омадааст дар изҳороти намояндаи вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл мегӯяд, давлат бо ҷангиёни ихтиёрии рус дар Сурия ҳеч рабте надорад. "Агар дар Сурия чанде аз шаҳрвандони ихтиёрии Русия меҷанганд, ин ба давлат ва вазорати дифоъ ҳеч рабте надорад", - гуфт сухангӯи Кремл.