Рӯҳонӣ барои даври дуюми раёсат савганд ёд мекунад. ВИДЕО

Рӯҳонӣ дар маросими савганд

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, интихоби дубораи Ҳасан Рӯҳонӣ ба маснади раиси ҷумҳурро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки «ман раъйҳоро тасдиқ ва шуморо барои даври дуюм президенти ҷумҳурӣ таъин мекунам».

Дар ин маросим, ки рӯзи 3-юми август дар Теҳрон баргузор шуд, мақомоти расмии Эрон ва меҳмонони олимақоми хориҷӣ ҳузур доштанд.

Рӯҳонии 68-сола, ки худро сиёсатмадори муътадил мешуморад, моҳи майи имсол барои даври дуюм раиси ҷумҳур интихоб шуд.

Президенти пешини Эрон Маҳмуди Аҳамадинажод, ки аз иштироки ӯ дар сабқати президентӣ пешгирӣ шуд ва Иброҳим Раисӣ – рақиби аслии Рӯҳонӣ дар интихобот – дар маросим иштирок карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин ҷамъомад ба иттиҳод даъват кард. Ӯ гуфт, «ман ба ҳамаи онҳое, ки бузургии Эронро мехоҳанд, даст медиҳам». Аммо қавл дод, ки талошҳояшро барои рушди равобити Эрон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ идома хоҳад дод. "Мо инзиворо ҳеҷ гоҳ қабул надорем", - афзуд раиси ҷумҳури Эрон.

"Созиши ҳастаӣ аломати ҳусни нияти Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ аст", - гуфт ӯ бо ишора ба қарордод бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки бори таҳримҳои зидди Эронро ба ивази даст кашиданаш аз барномаҳои зиддунақизи ҳастаӣ сабук кард.

Маросими савганди Рӯҳонӣ рӯзи 5-уми август дар порлумон баргузор мешавад.