Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп қонуни таҳримҳои нав алайҳи Русияро имзо кард. Дар ин бора Bloomberg рӯзи 2-юми август хабар дод.
Сенати Амрико қонун дар бораи шиддат бахшидан ба таҳримҳои зидди Русияро рӯзи 28-уми июл тасвиб кард. Ин қонун коҳиши сармоягузорӣ ба тарҳҳои нафту газ ва ҳамчунин таҳримҳои инфиродӣ алайҳи он шаҳрвандони Русияро дар назар дорад, ки Вашингтон онҳоро дар ҳамлаҳои ҳакерӣ, фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон масъул медонад.
Ба ғайри ин, қонун имкониятҳои Трампро маҳдуд мекунад - акнун раиси ҷумҳур наметавонад таҳримҳои алайҳи Русияро бидуни ризоияти Конгресс лағв намояд.
Президенти Русия Владимир Путин пештар аз ин гуфт, ки дар посух ба таҳримҳо Кремлин метавонад аз чораҳои ҷавобӣ алайҳи ИМА кор бигирад. Ба дунболи ин Вазорати умури хориҷии Русия аз Вашингтон талаб кард, ки шумори кормандони намояндагиҳои дипломатияшро коҳиш диҳад.