Ҳудуди 500 гумонбари иштирок дар табаддулоти нокоми соли гузаштаи Туркия рӯзи 1-уми август дар додгоҳ ҳозир шуданд. Ин бузургтарин муҳокима аз оғози баррасии парвандаи табаддулот унвон мешавад. Муҳокимаи додгоҳии парвандаи табаддулот дар бинои махсус мегузарад.
Бахши умдаи муттаҳамони парванда бо бандҳои сангини қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон айбдор мешаванд, ки ҳабси абадро дар назар доранд. Дар парвандаи табаддулот пойгоҳи ҳавоии Акинчӣ, воқеъ дар шимолу ғарби пойтахти Туркия ҳамчун ситоди табаддулотчиён истифода шудааст.
Руҳонии турк Фатҳуллоҳ Гулен, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, гумонбари асосии парвандаи табаддулот номбар мешавад. Муҳокимаи Гулен дар ғайби ӯ ҷараён мегирад.
Рӯҳонии шинохта ҳамагуна иттиҳоми даст доштанаш дар табаддулоти давлатиро рад мекунад.
Муҳокимаи рӯзи 1-уми август яке аз даҳҳо муҳокимаест, ки дар робита ба парвандаи табаддулоти давлатии моҳи июли соли 2016 дар Туркия сурат мегирад. Дар табаддулоти нокоми соли гузашта 250 нафар кушта шуд.