Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, пешниҳоди афзоиши қимати нерӯи барқ дар вазорату идораҳои Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад, аммо ҳоло маълум нест ин афзоиш чанд дарсад хоҳад шуд.
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 1-уми август далели ин амрро “ба хароҷоти нигаҳдории системаи энергетикии кишвар” марбут хонд.
Ба гуфтаи вай, феълан пешниҳоди боло бурдани арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти инҳисорӣ бо вазорату идораҳо баррасӣ шуда ва тасмими афзиши қимати нерӯи барқро ҳукумат хоҳад гирифт. “Мо қарори ҳукуматро дар ин замина иҷро мекунем”-гуфт Исмоилзода.
Бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, имкон дорад дар соли ҷорӣ қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 15 дарсад боло равад. Соли гузашта арзиши нерӯи барқ дар кишвар 16 дарсад афзоиш ёфта ва феълан 1 киловат нерӯи барқ ба аҳолӣ 14,65 дирам ба фурӯш меравад.
Ин дар ҳолест, ки арзиши 1 киловат нерӯи барқ дар фасли тобистон барои ширкати алюмиюми Тоҷикистон ё ТАЛКО 7,2 дирам ва дар фасли зимистон 11,8 дирамро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик” арзиши аслии 1 киловат нерӯи барқ дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2 дирам ва дар Марказҳои ҳароратӣ 21 дирам аст.