Париж ва Лос-Анҷелес -- мизбонони Олимпиадаҳои солҳои 2024 ва 2028

Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ соли 2024 дар шаҳри Порис баргузор мешаванд. Баъди он ки Лос-Анҷелес пешниҳоди Кумитаи байналмилалии олимпиро дар бораи баргузор намудани Олимпиадаи соли 2028 пазируфт, пойтахти Фаронса ягона номзад барои баргузории Бозиҳои соли 2024 боқӣ монд. Дар ин бора хабаргузории reuters.com иттилоъ додааст. Ба иттилои ин манбаъ, тасмими ниҳоӣ дар бораи макони баргузории Бозиҳои солҳои 2024 ва 2028 дар сессияи 131-уми Кумитаи байналмилалииолимпӣ 13-уми сентябри соли равон дар Лима, пойтахти Перу, гирифта мешавад.

Пештар Париж ва Лос-Анҷелес дуборӣ мизбони Бозиҳои олимпӣ буданд. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж солҳои 1900 ва 1924, дар Лос-Анҷелес солҳои 1932 ва 1984 баргузор шудаанд. Ягона шаҳре, ки се бор мизбони Олимпиада буд, то ҳоло Лондон мебошад. Бозиҳои наздиктарини тобистонаи олимпӣ соли 2020 дар Токио баргузор мешаванд.