Русия ба нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ду ҳавопаймои борбари низомии Ан-26 тақдим мекунад.
Бино ба маълумоти Ситоди кулли нерӯҳои и мусаллаҳи Қирғизистон, маросими тақдими ҳавопаймоҳо рӯзи 10-уми август дар пойгоҳи ҳавоии "Кант"-и Русия, воқеъ дар қаламрави Қирғизистон, баргузор хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки Русия ҳавопаймоҳоро дар доираи 1 миллиард доллар кумакҳои низомиву техникӣ ба таври ройгон ба Қирғизистон медиҳад. Ситоди нерӯҳои Қирғизистон нагуфт, ки Бишкек то имрӯз чи қадари ин кумакҳоро дарёфт кардааст.
Бино ба иттилои РИА Новости, Русия то ҳол ба артиши Қирғизистон мошинҳои зиреҳпӯш, системаҳои тӯпхона бо қисмҳои эҳтиётӣ ва лавозимоти дигари ҷангӣ додааст.