Тошканд барои тафтиши Гулнора Каримова аз Швейтсария кумак хост

Гулнора Каримова дар сӯҳбат бо нашрияи "Ҳуррият"-и Туркия. 9-уми декабри соли 2013

Додситонии кулли Швейтсария дархости Узбакистон барои кумак дар таҳқиқи парвандаи Гулнора Каримова, духтари президенти пешини ин кишварро меомӯзад. Дар ин бора хадамоти матбуотии додситонии Шветсария рӯзи ҷумъа ба РИА Новости иттилоъ додаанд.

Масъулони додситонии Швейтсария ҳамчунин гуфтанд, ки алайҳи Гулнора Каримова ва шаш нафари дигар, ҳанӯз соли 2012 бо ҷурми фасодкорӣ ва пулшӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки ҳоло додситонии кул Шветсария дороиҳоеро дар ҳаҷми беш аз 800 миллион франки швейтсарӣ (1 франк = 0,97 доллар) ба ҳабс гирифтааст. Дар доираи ин парванда додситонӣ бо 19 кишвар, аз ҷумла Швейтсия, Нидерландия ва ИМА ҳамкорӣ кард", - афзуд манбаъ.

Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсияи додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 28 июл хабар дод, ки алайҳи духтари калонии президенти пешини Уӯбакистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ ба қаллобӣ, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, нақзи қонунҳои гумрукӣ ва қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ айбдор мешавад.

Моҳи августи соли 2015 додгоҳи шаҳри Тошканд Каримоваро дар саркашӣ аз пардохти андоз, дуздӣ, тамаъҷуӣ ва маҳви асноди ширкатҳои офшорӣ айбдор дониста, озодияшро барои 5 сол маҳдуд кард.