Нашрияи "Новая газета" исми 27 сокини Чеченистонро нашр кард, ки эҳтимол моҳи январ соли равон бидуни муҳокима қатл шудаанд.
Нашрия ду рӯйхати боздоштшудаҳоро пешниҳод кардааст. Дар рӯйхати аввал исми се гумонбари ҳамла ба пулис дар Грозний дар моҳи декабри соли 2016 шомил шудааст. Инҳо Исмоил Бергаев, Саҳоб Юсупов ва Мадина Шахбиеваи 18-сола, хеши корманди вазорати қудратии наздик ба намояндаи мардумӣ Адам Делимханов аст.
Шахбиева моҳи декабри соли гузашта дар шароити номушаххас фавтид, Бергаев ва Юсупов баъди як моҳи дигар парронда шуданд. Пулис ҳамчунин ёру ошноҳои онҳоро боздошт кард. "Новая газета" навиштааст, 7 нафари ин боздоштшудаҳо низ бе мурофиа ба қатл расиданд.
Дар рӯйхати дуюм номи 67 гумонбари дигар шомил аст, ки аз моҳи декабри соли 2016 то январи 2017 боздошт шуданд. 14 нафари онҳо низ кушта шуданд. "Мақомот хешони онҳо маҷбур кард, то бигӯянд, ки кушташудаҳо барои ҷанг ба Сурия рафтанд", - навиштааст "Новая газета".
Мақомоти Чеченистон гузориши аввалро дар робита ба қатлҳои бидуни мурофиа "дурӯғ" унвон карданд. Иттиҳоди рӯзноманигорони Чеченистон аз нашрия талаб кард, ки далел пешниҳод кунад.