Кохи Сафед эълон кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, лоиҳаи таҳримҳои нав алайҳи Русияро имзо кунад. Ин эълон рӯзи 28-уми июл, чанд соат баъд аз изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия садо дод, ки дар вокуниш ба ин тарҳ гуфт, иқдоми Амрикоро бе ҷавоб нахоҳад гузошт.
Вазорат аз Амрико хост, аз аввали моҳи сентябр шумори кормандони дипломатии худро дар Русия ба 455 коҳиш дода, аз аввали моҳи август аз бӯстонсарову анборҳо дар Маскав истифода накунад.
Конгресси Амрико тарҳи нави таҳримҳо алайҳи Маскавро ба тозагӣ тасвиб кард ва ин тарҳ барои имзо ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп фирстода шудааст. Ин лоиҳа таҳримҳоеро қонунӣ мекунад, ки бо қарори президенти Амрико дар посух ба амалҳои Русия дар шарқи Украина, ишғоли Қрим ва дахолат дар маъракаи интихоботии ИМА эълон шудаанд.
Бар асоси гузориши маркази хабарии Радиои Озодӣ, тасвиби ин лоиҳа умедвориҳо дар мавриди беҳбуд ёфтани равобити Маскаву Вашингтонро аз байн хоҳад бурд.
Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботи президентии соли гузашта ваъда дода буд, ки равобити Амрико ва Русияро беҳбуд мебахшад.