Руминия Дмитрий Рогозинро ба қаламраваш роҳ надод

Ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин

Мақомоти Руминия ҳавопаймои мусофирбари S7-ро, ки ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин яке аз мусофиронаш буд, ба ҳарими ҳавоии ин кишвар роҳ надод. Рогозин рӯзи 28-уми июл барои мулоқот бо президент Игор Додон ба Молдова мерафт. Баъди ин, ҳавопаймо масирашро дигар кард ва маҷбур шуд дар фурудгоҳи эҳтиётии Беларус поин шавад.

Вазири умури хориҷии Руминия тасдиқ кард, ки аз вуруди ҳавопаймо ба ҳарими ҳавоии кишвар ҷилавгирӣ шуд, зеро дар он мусофире ҳузур дошт, ки номаш ба рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо шомил аст. Дар фурудгоҳи Кишинёв алайҳи сафари Рогозин ба Молдова намоиши эътирозӣ баргузор шуд.

Рӯзи 20-уми июл Молдова мухолифаташро ба сафари Рогозин ба Кишинёв ва Тираспол, бо ҳавопаймои ҷангии нерӯҳои ҳавоии Русия, баён дошт. Рогозин гуфт, ки сарфи назар бо ҳавопаймо сафар мекунад.

Рӯзи 27 июл мақомоти Молдова аз вуруди Павел Шперов, намояндаи Думаи давлатӣ ва гурӯҳи ҳунармандони рус ба кишвар ҷилавгирӣ карданд.

Онҳо дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт ва дубора ба Русия фиристода шуданд. Мақомоти Молдова дар тавзеҳи ҳодиса гуфтанд, ки русҳо натавонистанд ҳадафи сафари худро шарҳ диҳанд.