Ифшои 7,8 млн сомонӣ "изофанависӣ" дар сохтмонҳои Душанбе

Маркази тандурустии "Истиқлол" дар шаҳри Душанбе

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тафтиши тақрибан ҳафтод бино дар шаҳри Душанберо, ки аз пули буҷет сохта шудаанд, анҷом додааст. Сулаймон Султонзода – раиси Оҷонсии зиддифасод, рӯзи 28-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин тафтиш аз ҷумла бемористони “Истиқлол” ва тарҳи “Манзили дастрас”-ро дар бар гирифт.

Султонзода гуфт, дар пайи ин санҷиш ҳудуди 8 миллион сомонӣ ё муодили тақрибан 1 миллион доллар изофанависӣ ошкор шуд. “Бар пояи ин санҷиш, парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ба мақомоти додситонӣ пешниҳод гардид”, - афзуд ӯ.

Тафтиши истифодаи пули буҷет дар сохтмонҳои пойтахт баъди барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пешини Душанбе, дар таърихи 12-уми январ шурӯъ шуд. Ҳамон рӯз ба ин мақом писари калонии президент Рустами Эмомалӣ таъин гардид.

Баъдан дар моҳи феврали имсол раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти Оҷонсии зиддифасод хост, ки санҷиши “истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро” барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1-уми июл ба поён расонад. Ӯ дар мулоқот бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Душанбе гуфт, “гузориш дар ин бора бояд ба ҳукумати кишвар ҳам фиристода шавад”.