Ҷаласаи "C5+1" дар Душанбе

Акс аз сайти сафорати Амрико дар Душанбе гирифта шудааст.

Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи кории ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико мавсум ба “С5+1” анҷом шуд. Дар ин нишаст дар рӯзи 26 июл ҳайатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва ИМА ширкат доштанд.

Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ба ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Карл Пашалл, муовини ҳамоҳангсози масъалаҳо оид ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароии Департаменти давлатӣ ва Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе шомил будаанд. Дар нишасти Душанбе талошҳои муштарак барои ҳалли чолишҳое, ки Амрико ва давлатҳои Осиёи Марказӣ рӯбарӯ ҳастанд, баррасӣ шудааст. Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз шаҳри бештари масоили мавриди баҳси ҳамоиши мазкур, худдорӣ кард.

Зимнан, 26-уми сентябри 2015 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавиро муқаррар кардаанд. Ин шакли нави ҳамкориҳо С5+1 ном гирифтааст. Дар ин мулоқот чаҳорчӯбаи нави ҳамкорӣ барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар шуд.

Мулоқоти нахустини вазирони хориҷаи Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва ИМА моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда ва ширкаткунандагон дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои амният, иқтисодиёт ва муҳити зист ба мувофиқа расиданд. Дар нишасти дуюми формати “С5+1” дар моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Вошингтон тавофуқ шуд, панҷ тарҳ барои иҷрои ин се самт роҳандозӣ ва Конгресси Амрико барои амалӣ шудани онҳо 15 миллион доллар маблағ ҷудо мекунад.

Дар меҳвари музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва ИМА умдатан масоили марбут ба амнияти минтақа, иртибототи иқтисодӣ, мушкилоти муҳити зисту тағйироти иқлим ва ҳам масоили башарӣ қарор доранд.