Оҷонсии омори Тоҷикистон дар пайи як таҳқиқ муайян намудааст, ки қимати изофӣ бар молҳои мавриди фурӯш дар Тоҷикистон 30,2 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне, мол аз дасти истеҳсолкунанда то ба дасти истеъмолкунанда расидан, ба болояш 30,2 дарсад қимат изофа мешавад.
Фирдавсӣ Асматбеков, сардори Раёсати омори савдо ва хизмати Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки натиҷаи таҳқиқи "Маржаи савдо" дар нимасолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид ва муайян шуд, ки қимати изофӣ болои молҳои мавриди фурӯш дар минтақаҳои кишвар, фарқ мекунад.
Ба гуфтаи ҷаноби Асматбеков, баландтарин қимати изофӣ болои ҳар моли мавриди фурӯш дар Тоҷикистон, ба вилояти Бадахшон рост меояд, ки 35,2 дарсадро ташкил медиҳад. Пастарин сатҳи ин нишондод дар вилояти Суғд будааст, ки ба 25,2 дарсад баробар мебошад.
Ҷаноби Асматбеков гуфт, ки агар қимати як мол дар дасти истеҳсолкунанда 1000 сомонӣ бошад, он то ба дасти истеъмолкунанда расидан, ба 1320 сомонӣ баробар мешавад. Ба гуфтаи вай, ба ин маблағи изофӣ, хароҷоти роҳ, ва ҳам фоидаи савдогарон, дохил мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қимати маош дар Тоҷикистон паст аст ва сокинони кишвар аз болоравии нарху наво шикоят мекунанд. Тоҷикистон бештари маводи мавриди ниёзи худро аз хориҷ ворид. Коршиносон мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон то замоне, ки натавонад таносуби содироту воридоти маводи мавриди ниёзро таъмин кунад, нахоҳад тавонист аз болорави қиматҳо ҷилавгирӣ кунад ва ё нархҳоро танзим намояд.