Дар ним сол 27 зиндонӣ дар Тоҷикистон фавтидаанд

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир 10 000 нафар дар маҳбасҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Ҳакими Мирсайзод, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ин шумор 237 тани онҳо занон ва 39 нафарашон ноболиғон мебошанд.

Ба гуфтаи Мирсайзод, 353 шаҳрванди хориҷӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Тоҷикистон мӯҳлати ҷазои худро адо менамоянд. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, дар зиндонҳои кишвар 80 нафар маҳкумшуда ба ҳабси абад, нигаҳдорӣ мешаванд.

Муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 27 нафар дар маҳбасҳои кишвар фавтидаанд.