Раиси "Внешэкономбанк"-и Русия Сергей Горков, барои мулоқот бо Ҷаред Кушнер, домоди президенти Амрико Доналд Трамп, аз Кремлин дастур нагирифта буд. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи 25 июл дар нишасти матбуотӣ изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки Горков дар Амрико сафари маъмулӣ дошт ва дар чаҳорчӯби он бо доираҳои соҳибкорон мулоқот кард.
Песков афзӯд, ки "чунин мулоқотҳо иҷозаи Кремлинро тақозо намекунанд ва бо дастури Кремлин баргузор нашудаанд."
Ҷаред Кушнер, ки рӯзи душанбе дар чаҳорчӯби бозҷӯии дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи гузаштаи Амрико, оиди равобиташ бо намояндагони Русия ба суолҳои Сенат посух дод, гуфт, ки бо Горков 13 декабр мулоқот кард. Кушнер робитаи маъракаи интихоботии Трамп бо Русияро рад кард.