Лавҳаи деринтизори "I love Dushanbe" дар пойтахт насб шуд

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон соҳиби боз як макони нави ҷалби сайёҳон -- лавҳаи "I love Dushanbe" (Ман Душанберо дӯст медорам) шуд. Маросими пардабардорӣ аз ин лавҳа шаби 24 ба 25-уми июл баргузор гашт.

Ин лавҳа дорои муҷассамаи қалби сурх ва навиштаи "I love Dushanbe" бо ҳарфҳои сафед буда, дар майдони назди Маҷмааи "Диёри Душанбе" дар иҳотаи фаввораҳои ранга насб шудааст.

Интизор меравад, ин макон дар оянда яке аз ҷойҳои маъруф ва дӯстдоштаи сокинон ва сайёҳон, аз ҷумла ҷавонон гардад. Онро ширкати "Қатар-Диёр-Тоҷикистон" аз ҳисоби худ насб карда, масъулонаш мегӯянд, хостанд, ки бо ин роҳ саҳми худро дар машҳур гардонидани пойтахти Тоҷикистон гузоранд.

"Тарҳи мо як бахши пойтахт аст ва мо талош мекунем, ки шаҳри дӯстдоштаи худро зебову замонавӣ гардонем. Дар бисёре аз кишварҳои дунё ин гуна лавҳа мавҷуд аст ва бинобар ин тасмим гирифтем, ки шаҳри мо ҳам онро дошта бошад. Бовар дорем, яке аз маконҳои машҳури аксбардорӣ ва гирифтани селфӣ дар Душанбе хоҳад шуд", - гуфтанд намояндагони ширкат.