Ҳукумати Душанбе барои "Манзили дастрас" сарпараст меҷӯяд. ВИДЕО

Нақшаи биноҳои "Манзили дастрас"

Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки талош доранд, тарҳи "Манзили дастрас"-ро аз ҳолати буҳронӣ берун кунанд. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 25-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, бо ин ҳадаф ҳоло дар ҷустуҷӯи сарпараст ҳастанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳрдории Душанбе барои "Манзили дастрас" сарпараст меҷӯяд

Зувайдзода гуфт, тафтишоти "Манзили дастрас" ахиран аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ анҷом ёфта, баъзе камбудҳои ошкоршуда дар ҳоли баррасист. "Як комиссия ташкил шудааст, то ин тарҳро аз буҳрон берун орем. Вақту маблағ зарур аст", - афзуд ӯ.

Тарҳи "Манзили дастрас" яке аз тарҳҳои шаҳрдории Душанбе дар замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев буд. Убайдуллоев дар моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор ва ба ҷои ӯ Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳур, таъйин шуд.

Видео аз бойгонӣ дар бораи тарҳи "Манзили дастрас":

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кунд шудани сохтмони хонаҳои "Манзили дастрас"

Тарҳи "Манзил дастрас" соли 2013 бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе рӯи даст гирифта шуд ва қарор буд, ки нахустин манзилҳои нисбатан арзон дар пойтахт дар моҳи сентябри соли 2015 соҳибони худро пайдо намоянд. Бархе аз биноҳои истиқоматии баландошёна бар асоси ин тарҳ дар маҳаллаи маъруф ба “Профсоюз”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бунёд мешаванд.

Вале тӯл кашидан ва ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кард ва бархеи онҳо соли гузашта аз хавфи онки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул намонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои то ин дам пардохтаашон шудаанд.