Сергей Кисялк ба кори нӯҳсолааш дар Амрико хотима дод

Сергей Кисляк нӯҳ соли ахир сафири Русия дар Амрико буд

Сергей Кисляк, сафири баҳсбарангези Русия дар Амрико, рӯзи 22-юми июл ба кораш дар Вашинтгтон хотима дода, аз Иёлоти Муттаҳида хориҷ шуд. Ӯ тайи нӯҳ соли ахир намояндаи аршади Маскав дар назди рақиби аслиаш дар ҷаҳон буд.

Сафорати Русия дар Вашингтон гуфт, ки аз мақом рафтани Кисляки 66-сола тибқи нақша сурат гирифтааст. Манобеи хабаргузории “Интерфакс” гуфтаанд, ки эҳтимол Сергей Кисляк корашро дар Русия ба унвони узви палатаи болоии порлумон ё Шӯрои Федератсиюн идома диҳад.

Интизор меравад, ҷойи холишудаи Кислякро дар сафорати Русия дар Вашингтон муовини вазири умури хориҷӣ Анатолий Анотонов бигирад. Аммо ҳанӯз номзадии ӯро Кремлин таъйид накардааст. Дар вебсайти расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфта шудааст, ки Антонови 62-сола унвони доктори улуми сиёсиро дорад ва ба забони англисӣ гап зада метавонад.

Номи Сергей Кисляк баъди иддао дар бораи дахолати Русия ба интихоботи соли гузаштаи Амрико ва мулоқоти ӯ бо намояндагони президент Доналд Трамп вирди замонҳо шуд. Ҳоло ин қазияро мақомоти Амрико таҳқиқ доранд.

Сергей Кисляк дар гузашта намояндаи Маскав дар НАТО ва Брюссел буд. Ӯ аз соли 2003 то 2008 ба ҳайси муовини вазири умури хориҷии Русия ҳам кор кардааст.

Ин ҳафта Кохи Сафед низ эълон кард, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп Ҷон Ҳантсман, намояндаи собиқи Амрико дар Чинро сафири нави ин кившар дар Русия муаррифӣ намудааст.