Раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хост, тамоми он шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаро, ки ба қавли ӯ ғайриқонунӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, раҳо кунад. Дар ғайри сурат, Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки Эрон бо паёмадҳои нав ва ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзи 21-уми июл Кохи Сафед хабар дод.
Президент Трамп аз Эрон хостааст, Роберт Левинсон, корманди собиқи Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико ё FBI, Сиёҳмак Намозӣ, падараш Боқир ва тамоми он амрикоиҳоеро, ки ғайриодилона дар Эрон дастгир шудаанд, раҳо кунад, то ба хонаҳои худ баргарданд.
Вашингтон мегӯяд, ки тақрибан 40 сол мешавад, Эрон боздошт ва гаравгон гирифтани одамонро ба ҷузъе аз сиёсати давлатии худ табдил додааст.