Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки хонаводаҳои аъзои ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ таъқиб нашуда, балки барои пурсиш даъват шудаанд. Ин матлабро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл зимни нишасти хабарӣ баён кард. Вай афзуд, ки ба пурсиш даъват шудан, "ин таъқиб нест".
Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ чанд рӯз қабл бо пахши як изҳорот аз фишор болои хешутабор, тарафдорони аъзои ҳизб ва ширкатдорони ҳамоише бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ, ки дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуд, изҳори нигаронӣ карда буд. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ин хабар бояд санҷида шавад, зеро то ҳол шикояте аз хешовандони тарафдорони ин ҳизб ба вазорат ворид нашудааст.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch ва Кумитаи норвегии Ҳелсинки ҳам ба дунбол аз таҳдид ва бозҷӯии наздикони 10 нафар аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи мақомот нигаронӣ кард. Дар изҳороти муштараки ин ду созмон, ки рӯзи 18-уми июл нашр шуд, гуфта мешуд, ин кор дар остонаи ҳамоиши Дортмунди Олмон ва баъди он сурат гирифтааст. Бар пояи ин гузориш, аз ҷумла наздикони мухолифин “дар мазҳари умум муҳокима шуда, аз сафар ба хориҷ манъ гардиданд ва таҳдид ба мусодираи молу мулк шуданд”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро соли 2015, баъди шӯриши мусаллаҳони муовини пешини вазири дифои кишвар мамнуъ эълон кард ва беш аз даҳ мақоми аршади онро бо иттиҳоми терроризм барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон фиристод. ҲНИТ, ки то баста шуданаш ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меомад, иттиҳоми терроризмро рад мекунад ва мегӯяд, ки ҳадаф берун кардани ҳизб аз саҳнаи сиёсӣ буд.