Дар Хуҷанд 4 масҷидро бастанд

Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, ки соли равон дар Хуҷанд 4 масҷиде, ки бидуни иҷозатнома фаъолият мекарданд, ба муассисаҳои дигари иҷтимоӣ, табдил дода шудаанд. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти хабарии худ гуфт, “Масҷиди Савр” ба коргоҳи атласу адрасбофӣ, масҷиди маҳаллаи “Тути калон” ба кӯдакистони нутқашон нуқсондор, “Сари баландӣ” ба дорухона, табдил дода шуданд. Ӯ афзуд, вале як масҷиди хурд, воқеъ дар маҳаллаи “Масҷиди савр”, ки дар манзили шахсӣ ҷойгир буд, баста шудааст. Ин масҷидҳо панҷвақта буда, санад ва иҷозаномаи фаъолият надоштаанд. Ҳамчунин дар он маҳалҳо масҷидҳои дигар фаъол будаанд, ки намозгузорон метавонанд намози худро дар онҳо адо кунанд. Бино ба омори расмӣ, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 37 масҷиди панҷвақта ва 4 масҷиди ҷомеъ ва 1 масҷиди ҷомеаи марказӣ барои намозгузорон бозанд.