Ҳюман Райтс Вотч, созмони дидбони Ҳуқуқи башар, баъди танаффуси шашсола барои аввалин бор ба Узбакистон сафар мекунад.
Стив Свердлов, пажуҳишгари ин созмон дар умури Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Комилов, рӯзи 17 июл дар нишасти шӯрои Узбакистон-Иттиҳоди Аврпуо гуфт, ки Ҳюман Райтс Вотч моҳи август ба Тошканд меояд.
Комилов ҳамчунин гуфт, ки аз сафари созмонҳои байналмилалии дигар ва ҳамкори бо онҳо низ истиқбол мешавад.
Свердлов гуфт, ки изҳороти вазир барои ӯ ва ҳамкорони дигараш дар созмон ҳайратовар буд, зеро мақомоти Узбакистон ба дархости онҳо барои боздид аз кишвар то ҳол посух надода буданд.
Сверлов, ки дар сафари Тошканд ба ҳайъати созмон раҳбарӣ хоҳад кард, гуфт, ки Ҳюман Райтс Вотч дар амри густариши ҳамкории Тошканд бо созмонҳои байналмилалӣ кӯмак хоҳад кард ва интизор дорад, ки Узбакистон барои беҳтар кардани ҳуқуқи башар қадамҳои мушаххас бардорад.
Фаъолияти HRW дар Ӯзбекистон чанд сол баъд аз ҳодисаҳои соли 2005 дар шаҳри Андиҷон ва ихтилофи назарҳо дар бораи шумори қурбониёни саркӯби мусаллаҳонаи эътирозҳои оммавии ин кишвар қатъ гашт.