Додгоҳи ҷиноятҳои сангини Боку рӯзи 20 июл блогнависи рус Александр Лапшинро бо иттиҳоми даъватҳои оммавии зиддидавлатӣ ва нақзи марзи давлатӣ муҷрим донист ва ӯро ба муддати се сол равонаи зиндон кард.
Пештар аз ин айбдоркунанда барои Лапшин 6, 5 соли зиндонро тақозо кард. Блогнавис гуноҳро эътироф накард ва дар суханронии ниҳоияш гуфт, ки гуноҳи ӯ дар баробари мардуми Озарбойҷон "ахлоқӣ аст, на ҳуқуқӣ."
Дар мурофиаи рӯзи 19 июл Лапшин гуфт, ки ӯ аҳмияти сарнавиштсози Қарабоғро барои Озарбойҷон дарк мекунад ва дар ҳеҷ сурат бо мақомоти Арманистон робитаи ҷиноӣ баркарор накардааст.
Моҳи феврали соли ҷорӣ Лапшин аз боздоштгоҳи Минск, ки ӯ дар онҷо аз моҳи декабри соли 2016 нигаҳдорӣ мешуд, бо дархости Озарбойҷон истирдод шуд. Мақомоти Русия, Исроил ва Арманистон ба истирдоди ӯ мухолифат нишон доданд. Кремлин гуфт, ки аз манофеи блогнависи боздоштшуда ҳимоят хоҳад кард.