Ихроҷи дипломатҳои эронӣ аз қаламрави Кувайт

Харитаи Халиҷи Форс

Кувайт аз Теҳрон даъват кард, ки теъдоди дипломатҳояшро дар ин кишвари Халиҷи Форс коҳиш диҳад ва фаъолияти баъзе намояндагиҳояшро қатъ кунад.

Як манбаи беном ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, ки ҳудуди 15 дипломати эронӣ аз Кувайт ихроҷ шуд.

Ин таҳаввулот ба думболи қарори соли гузаштаи додгоҳ, дар робита ба пойгоҳҳои террористӣ сурат гирифт, ки ба гуфтаи мақомоти Кувайт бо Эрон ва шиаҳои Лубнон аз гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" робита доштанд.

Хабаргузории давлатии Куна мегӯяд, ки Кувайт ҳамчунин бо қарори Додгоҳи олӣ ҳамагуна фаъолияти кумитаи муштараки байни ду давлатро масдуд кард.

Вокуниши мақомоти Эрон ба қарори ахири Кувайт маълум нест.

Тасмими Кувайт дар заминаи ихроҷи дипломатҳои эронӣ дар пасманзари ташаннуҷи авзо дар минтақа гирифта шуд.