Пешгирӣ аз қочоқи тангаи Русияи подшоҳӣ дар Душанбе

Хадамоти гумрук аз қочоқи тангаи қадимӣ пешгирӣ кардааст

Дар фурудгоҳи Душанбе як зани 26 соларо боздошт карданд, ки бидуни расмиёти гумрукӣ талоши берун кардани тангаи боқимонда аз замони Русияи подшоҳӣ ба хориҷи кишварро дошт.

Дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 20-уми июл бо нашри хабар аз ин зан “Ҳ.С” ном бурда, гуфт, ин тангаи қадима аз миёни 29 тангаи “сурху зарди гуногуншакл” аз бағоҷи мусофири хатсайри парвози самти Душанбе-Русия пайдо шудааст. Вазорати фарҳанг пас аз ташхис ин тангаро таърихӣ унвон кардааст, ки хориҷ бурдани он ғайриқонунӣ ҳаст.

Ин танга аз соли 1821 боқӣ мондааст. “Дар маркази намои сикка бо ҳуруфи руси қадим (кирилӣ) «2 копейки /Е.М» бо барги дарахти наҳл дар ҳошия ва дар қисми болои марказӣ тоҷ ҳаққоқӣ гирди аст. Дар самти муқобили сиккаи мазкур тасвири салтанати Русияи подшоҳӣ ва дар маркази он рамзи яке аз князигариҳои Русияи подшоҳӣ ҳаккокӣ гардидааст”,-гуфт манбаъ.

Нисбат ба ин зан аз ҷониби Додситонии нақлиётии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ду моҳи ахир бори дуюм аст, ки аз қочоқи тангаи қадимӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҷилавгирӣ мешавад.

Рӯзи 30 июн чунин тангаро аз дохили бағочи Хужина Татяна Варисовна, ки аз Душанбе ба Маскав тасмими парвоз дошт, пайдо гардидааст.

Дар чанд соли ахир Тоҷикистон талош дорад, то аз берун кардани осорҳои таърихӣ аз кишвар пешгирӣ кунад. Коршиносон мегӯянд, замони ҷанги шаҳрвандӣ бо истифода аз нооромиҳои дохилӣ даҳҳо бозёфтҳои бостонӣ аз кишвар ба берун шудааст. Замони шӯравӣ низ бозёфтҳои нодири Тоҷикистон ба эрмитажи Санкт-Петербург интиқол меёфт. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ Тоҷикистон то ҳанӯз ба бозгардонии осорҳои таърихии худ аз осорхонаҳои Русия муввафақ нашудааст.