Киев аз Павел Шеремет ёд кард. ВИДЕО

Украиниҳо дар макони қатли Шеремет гулу шамь гузоштанд. 20 июли соли 2016

Дар шаҳри Киев, пойтахти Украина, маросими ёдбуди рӯзноманигор Павел Шеремет ҷараён дорад, ки соле пеш дар як суиқасд кушта шуд. Дар маросим дӯстону наздикони Шеремет ва шахсони дигар иштирок доранд.

Иштирокдорон дар ҷое, ки 20 июли соли гузашта мошини рӯзноманигор тарконида шуд, гул гузоштанд ва шамъ рӯшан карданд. Лавҳае ҳам бо навиштаи "Павелро кӣ кушт?" гузошта шудааст.

Баъди маросими ёдбуд иштирокдорон ба назди бинои Хадамоти давлатии амнияти миллӣ, маъмурияти президент ва Вазорати корҳои дохилии Украина рафтанд ва талаб карданд, ки куштори рӯзноманигор таҳқиқ шавад.

Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон шеваи таҳқиқи куштори Шеремет аз тарафи мақомоти Украина танқид кард. Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, бо гузашти як сол дар тафтиши ҳодисаи мазкур пешрафте дида намешавад.

Мақомоти Украина куштори рӯзноманигорро сиёсӣ медонанд ва фармоишгари онро ба Русия рафбт медиҳанд. Маскав дар марги Шеремет мақомоти Киевро айбдор мекунад, ки натавонистанд амнияти як рӯзноманигорро таъмин кунанд.

Павел Шеремет корро дар телевизиони Белорус оғоз карда, аз соли 1998 то 2008 дар “Шабакаи аввали”-и телевизиони Русия ба ҳайси хабарнигори махсус, муҷрии барномаи “Время” ва муаллифи филмҳои мустанад фаъолият дошт. Ӯ солҳои охир дар Киев зиндагӣ мекард ва корманди нашрияи "Ҳақиқати Украина" ва радиои “Вести” буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Кай қотили рӯзноманигор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?