Чин ба КҲФ-и Тоҷикистон 11 млн $ кӯмаки техникӣ мерасонад

Дар моҳҳои сентябр-ноябри соли ҷорӣ Чин ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 11 миллион доллар, кӯмаки техникӣ мерасонад. Рустам Назарзода, раҳбари ин ниҳод 20 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки ба ин маблағ беш аз 60 адад техникаи пуриқтидор барои бартараф сохтани оқибатҳои офтаҳои табиӣ ироа хоҳад шуд.

Ҳамзамон ҷаноби Назарзода гуфт, ки ҳоло лоиҳаи тағйири сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар баррасии ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, ки яке аз ҳадафҳои асосии он, тақвияти фаъолияти бахшҳои ноҳиявии ин ниҳод мебошад. Гузашта аз ин, бархе аз раёсатҳои КҲФ, ки такрори ҳамдигар мебошанд, аз байн бурда мешаванд.

Дар посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки тӯли як ҳафта ба осебдидагони селфароӣ дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт ҳеҷ кӯмаке расонида намешавад, Рустам Назарзода гуфт, ки дар ин минтақа танҳо як масъули КҲФ бо як техника фаъолият мекунад, ки барояш расидагӣ ба мушкилоти ҳамаи зарардидагон, душвор аст.

Рустам Назарзода ҳамчунин гуфт, ки ҳарчанд бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон ҳама ниҳодҳои қудратӣ барои дар ихтиёри ин ниҳод қарор додани чархбол дар ҳолатҳои зарурӣ муваззаф шудаанд, аммо эҳтимол дорад "дар солҳои 2019 ё 2020 мавзӯи харидории чархболи вижа барои КҲФ баррасӣ шавад".