Баъди чанд моҳи таъхир президенти Иёлоти Муттаҳида Доналд Трамп билохира исми сафири нави Амрико дар Русияро эълон кард.
Губернатори пешини Юта, узви ҳизби ҷумҳурихоҳ, Ҷон Ҳантсман ҳанӯз дар моҳи марти имсол сафири ИМА дар Русия таъйин шуда буд, аммо Кохи Сафед номзадии ӯро барои тасдиқ ба Сенат нафиристод.
Амрико мунтазири таъйиди номзадии Ҳантсман аз сӯи Маскав буд. “Ҳамзамон бо тасдиқи Ҳантсман, Анатолий Антонов сафири нави Русия дар Амрико таъин шуд”, - хабар медиҳанд расонаҳо.
Пешрафт дар самти дипломатӣ, ба эҳтимоли зиёд баъди мулоқоти Путину Трамп дар саммити “Бистгонаи бузург” дар Ҳамбурги Олмон ҳосил шудааст.
Ҳантсман пеш аз ин сафири ИМА дар Сингапур ва Чин буд. Ӯ соли 2012 ба мақоми президентӣ номзад шуд.
Ҳантсман забони чиниро медонад. Хонаводаи ӯ соҳиби корхонаи бузурги кимиёвӣ аст, ки дар Русия манфиатҳои тиҷорӣ дорад.