6 шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло дар соли 2017

Саршумори гӯсфанди Марко Поло дар Тоҷикистон ба 23 ҳазор адад расидааст. Абдуқаҳҳор Маскаев, мудири раёсати ҳифзи наботот ва ҳайвоноти Агентии ҳифзи муҳити зист рӯзи 18 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли ҷорӣ барои шикори 85 адади ин навъи гӯсфанд иҷозатнома дода хоҳад шуд, ки баробари миқдори саҳмияҳои соли гузашта мебошад. Ба эътиқоди ҷаноби Маскаев, шикори ин миқдор гӯсфандони нодир бидуни таъсири ҷиддие ба табиат сурат мегирад. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 мавриди шикори ғайриқонунии ин ҷонвар дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон сабт шудааст.

Ба иттилои Абдуқаҳҳор Маскаев, ҳоло дар Тоҷикистон 2500 адад бузи пармашохи морхӯр вуҷуд дорад, ки барои шикори онҳо низ иҷозатномаи мақомоти зистмуҳитӣ зарур аст. Ба иттилои ин манбаъ, то соли 2005 дар Тоҷикистон 1300 адади ин ҷонвар вуҷуд дошт, ки ба иттилои коршиносони байналмиллалӣ дар пайи манъи шикори онҳо миқдорашон афзоиш ёфтааст.