Мақомоти Покистон мегӯянд, ки субҳи 17 июл як ҳамлагари интиҳорӣ мошини шибҳанизомиёни давлатиро мунфаҷир карда, ду сарбозро ба ҳалокат расонд ва чаҳор тани дигарро захмӣ кард.
Масъулияти ҳамлаи Пешоварро Толибони Покистон бар дӯш гирифт.
Сарпарасти пулиси Пешовар Имрон Малик гуфт, ки ҳамлагари интиҳорӣ савори дучарха буд. Дар натиҷаи таркиш ду мошини корвони шибҳанизомиён хароб шуд.
Саҷҷод Хон, афсари аршади пулиси Пешовар ба хабарнигорон гуфт, ки ҳамлагар бомбаро дар дохили дучархааш гузошта буд.
Нерӯи шибҳанизомиёни Покистон, ё "Корпуси марзбонӣ", дар манотиқи қабилашнишин, ки бо Афғонистон садҳо километр марз дорад, бо ҷангиён вориди даргирӣ ҳастанд.
Ҳамлаи Пешовар дар ҳоле рух дод, ки як рӯз пеш Артиши Покистон гуфт, ки барои решакан кардани гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Хайбар Пахтунхоҳ амалиёти низомӣ оғоз мекунад.