Мирзиёев мехоҳад, “Шаҳри бехатар”-ро дар Тошканд фаъол кунад

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз маркази дурбинҳои назоратии Идораи муҳофизати Раёсати умури дохилии шаҳри Тошканд дар ноҳияи Юнусобод боздид кард. Ӯ гуфт, ки рӯзҳои наздик ин марказ тавсеа ёфта, барои назорати дурбинҳои пойтахти Узбакистон ниҳоди махсусе боз хоҳад шуд.

Мирзиёев зикр кард, ин таҷрибаро дар Чин дидааст. Ӯ омода кардани шаҳрвандони Узбакистонро ба “назорати доимӣ ва табдил додани Тошкандро ба шаҳри бехатар” зарур хонд.

Телевизионҳои Узбакистон дар як гузориши махсус маркази дурбинҳои назоратии Тошкандро нишон доданд, ки барои назорати кӯчаҳои серодами пойтахти ин кишвар бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Шавкат Мирзиёев дар хитоб ба раҳбарияти Вазорати умури дохилии Узбакистон гуфт, шумо низомеро эҷод хоҳед кард, ки консепсияи “Тошканд - шаҳри бехатар”-ро иҷро мекунад. "Як муовини вазир бо тимаш махсус бо назорати ин корҳо машғул мешаванд. Аз 1-уми сентябри соли равон то соли 2019 дар Тошканд санҷиш гузаронда хоҳад шуд. Ин низомро кӣ таблиғ хоҳад кард? Аз ҳар як маҳалла як нозир интихоб мешавад ва ӯ ниҳоди нави ВКД-ро намояндагӣ хоҳад кард. Фардо ҷаҳонбинии сокинон дигар хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Узбакистон, “рӯзҳои наздик барои раисон ва нозирони минтақавии 505 маҳаллаи Тошканд давраҳои омӯзишӣ оғоз хоҳад ёфт, ки дар оянда бо низоми замонавии дурбинҳои назоратӣ кор карда, сокинонро ба он омода месозанд”.

Мирзиёев афзуд, ки кори маркази мазкур бояд тайи ду соли оянда санҷида шавад. “Баъди санҷиш ин низомро бояд дар тамоми шаҳрҳои дигари Узбакистон роҳандозӣ кард”, - изҳор намуд ӯ.