Ҳусейн Фаридун, бародари президент боздошт шуд

Ҳусейн Фаридун, дастёр ва бародари хурдии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, бо иттиҳоми ҷинояти иқтисодӣ боздошт шудааст. Дар ин бора рӯзи 16-уми июл қувваи қазоияи Эрон хабар дод, аммо ҷузъиёти парвандаро ошкор накард.

Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон, дар як нишасти матбуотии рӯзи якшанбе гуфт, ки “нисбат ба Ҳусейн Фаридун ва афроди дигар чанд таҳқиқот анҷом шуд ва бархеи онҳо феълан дар зиндонанд”.

Ӯ гуфт, додгоҳ нисбат ба Ҳусейн Фаридун раҳоӣ бар ивази васиқа ё гаравпулиро содир кард, аммо ба далели онки натавонист қарори додгоҳро иҷро кунад, ба боздоштгоҳ фиристода шуд. Эжаӣ гуфт, дар сурати таъмини гаравпулӣ Ҳусейн Фаридун муваққатан аз боздошт раҳо мешавад.

Тарҳи бархе иттиҳомоти молӣ алайҳи Ҳусейн Фаридун аз ду сол пеш аз тарафи расонаҳо ва чеҳраҳои усулгаро матраҳ шуд ва дар дувоздаҳумин давраи интихоботи президентии Эрон ба авҷи худ расид. Дар ин интихоботи ахир Ҳасани Рӯҳонӣ бори дувум курсии раёсати ҷумҳуриро соҳибӣ кард.