Абу Сайёд – раҳбари ДИИШ дар Афғонистон кушта шуд

Боздошти ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Абу Сайёд, амири худхондаи “вилояти Хуросон”, шохаи гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” дар Афғонистон, кушта шудааст. Дана Уайт, сухангӯи Вазорати дифои Амрико, рӯзи 14-уми июл гуфт, ки Абу Сайёд ва чанд ҳамроҳаш 11-уми июли имсол дар пайи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти Кунар ба ҳалокат расиданд.

Абу Сайёд баъд аз марги ду раҳбари пешини гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ба ин мақом расида буд.

Раҳбари пешини гурӯҳ Абдул Ҳасиб рӯзи 27-уми апрели имсол дар натиҷаи амалиёти муштараки нирӯҳои афғону амрикоӣ дар вилояти Нангарҳор кушта шуд.

Аз он пеш дар соли 2016 Ҳафиз Саид Хон дар пайи ҳамлаи бесарнишинҳои амрикоӣ ба ҳалокат расида буд.