Сафири Туркия дар Бишкек Матин Қилич, рӯзи 14 июл дар як нишасти матбуотӣ нигаронии кишварашро аз мулоқоти муфтии пешини Қирғизистон, Ҳоҷӣ Чубик Ҷалилов бо рӯҳонии турки муқими Амрико Фатҳулло Гюлен баён дошт. Ҷалилов рӯзи 30 июн бо сафари даҳрӯза ба Ийолоти Муттаҳида рафт ва рӯзи 3 июл бо Гюлен мулоқот анҷом дод. Анкара Гюленоро ба тарҳрезии кӯшиши табаддуллоти давлатӣ дар моҳи июли соли 2015 муттаҳам кардааст.
Рӯҳонии шинохта Ҳоҷӣ Чубик Ҷалилов гуфт, ки мулоқот бо дархости худи ӯ сурат гирифт. " Ман дар дарсҳои ӯ ширкат кардам, бо ӯ сӯҳбат кардам ва дуои хайрашро гирифтам. Ман медонам, ки Туркия Гюленро террорист эълон кард, аммо ҳеч кишвари дигар инро эътироф накардааст. Барои мисол ҳамон ИМА ӯро эътироф накард ва ба Туркия таслим накард", - гуфт Ҷалилиов.
Фатҳулло Гюлен ҷонибдори руҳонии суннимазҳаб Саид Нурсӣ буд, ки баъдан ҳаракати худро роҳандозӣ карда ва ба як пешво табдил ёфт. Ин ҳаракат соҳиби чандин муассисаи таълимӣ ва тиҷоратӣ дар дохили Туркияву ва хориҷ он аст. Баъди талоши табаддулоти давлатӣ дар Туркия, ҳазорон узви ҳаракати Гюлен боздошт ва худи ӯ "террорист" эълон шуд.