Чаҳор кушта ва 1 захмӣ. Садамаи маргбори муҳоҷирони тоҷик дар Самара

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон номи чаҳор шаҳрванди кишварро, ки дар садамаи субҳи 13-уми июл дар вилояти Самара ҷон бохтанд, эълон карданд. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 14-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод аз 33 то 54 сол доштанд.

1. Раҳимов Кенҷа Аҳмадович, ноҳияи Ёвон

2. Саидмуродов Мурод Саидмуродович, ноҳияи Шаҳринав

3. Роибов Муҳаммадӣ Пирмаҳмадович, ноҳияи Панҷ

4. Бойқулов Маҳмудҷон Алимхонович, шаҳри Кӯлоб

Ин намояндаи Вазорати муҳнат гуфт, ки феълан шаҳрванди дигари Тоҷикистон Мирзоев Ҳоким Мадалиевичи 42-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар шӯъбаи эҳёи бемористони шаҳри Жигулевски вилояти Самара қарор дорад.

Ӯ гуфт, садамаи маргбор соати шашуними субҳи 13-уми июл бар асари ба ҳам бархӯрдани “Ҳундай Солярис” ва боркаши “Рено Магнум” дар шоҳроҳи Толятти – Сизран рух дод. Иброҳим Аҳмадов гуфт, ин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик аз убури сарҳади давлатии Русия – Қазоқистон бармегаштанд.

“Айни замон Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Тоҷикистон бо наздикону пайвандони ҳалокшудагон дар тамос буда, машғули таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ҳарчи зудтар фиристодани ҷасадҳо ба ватан аст”, - афзуд ӯ.

Ҳамасола даҳҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бархеи ин афрод бар асари пириву беморӣ ва баъзеи дигар ҳангоми садама ва ё афтодан аз болои биноҳо ҷон медиҳанд.