Ҷасади як сокини 7-солаи ноҳияи Мастчоҳ баъд аз як шабонарӯз аз канали оби “Тоҷикистони советӣ”, пайдо гардид. Абдусамад Шарифзода, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 13-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири дарёфти ҷасади кӯдак оби каналро пурра қатъ карданд.
Ҷаноби Шарифзода гуфт, “ин кӯдак баъд аз зӯҳри дирӯз ногаҳон ба дарё афтида, имрӯз соати 14:30 ҷасадаш пайдо гардид. Ин кӯдак замоне ғарқ шуд, дуртар аз ӯ бачаҳои зиёд оббозӣ доштанд, вале талоши онҳо барои наҷоти ин кӯдак бенатиҷа анҷом ёфт.”
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, як шабонарӯз бо амри роҳбарияти ноҳия оби канали “Тоҷикистони советӣ” қатъ шуд ва як гурӯҳ сокинони ноҳия ба ҷустуҷӯи ҷасади ин кӯдак баромада буданд.
Канали оби “Тоҷикистони советӣ” манбаи асосии таъмини заминҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ бо об мебошад. Ҳамасола ба гуфтаи масъулин дар ин наҳр чандин нафар ғарқ мешавад. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, дар соли равон нахустин ҳолати ғарқ шудани шаҳрвандон дар ин наҳр ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи омори Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, аз аввали имсол дар дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон 63 нафар, аз ҷумла 25 ҷавони то 18-сола ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи мақомот, бештари ин афрод, ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, сабабҳои асосии ғарқшавии одамон дар дарёву кӯл ва обанборҳо риоя накардани қоидаҳои шино, оббозӣ ҳангоми мастиву сархушӣ, надонистани шиноварӣ, оббозӣ дар ҷойҳои хатарнок ва беаҳамиятии кӯдакон волидон ба кӯдакон аст.