Барои нахустин бор, додситонии Хатлон дар робита ба таркиши маргбори рӯзи 12-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа, изҳори назар кард. Ба иттилои додситонии вилояти Хатлон, парвандаи 5 шахси боздоштшуда дар пайванд ба ин ҳодиса, тибқи моддаи "терроризм", ба додгоҳ ирсол шуд.
Ин ҳодиса рӯзи 12-уми марти соли равон дар рӯ ба рӯи бинои Додситонии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа ва наздикии пойгоҳи 201-уми Русия, рух дода буд. Дар ин таркиш Ҳасанбой Раҳмонови 67- сола, нигаҳбони литсейи техникии Қӯрғонтеппа ҷон бохт.
Насрулло Маҳмудзода, додситони вилояти Хатлон рӯзи 12-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар робита ба ин таркиш гуфт: "Натиҷаи амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд, ки дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, ҷиноят ошкор ва нисбати панҷ нафар, парвандаи ҷиноӣ боз шуд."
Дар таърихи Тоҷикистони мустақил нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 сурат гирифта буд. Дар ҳамлаи Хуҷанд ду корманди пулис кушта ва 26 корманди ҳамин шӯъба ва 2 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомот он замон эълон карданд, ки гурӯҳи “Ансоруллоҳ” масъули ин ҳамла будааст.