Озода Раҳмон, раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конситутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонунияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи 12 июл дар иҷлосияи палатаи болоии парлумони кишвар тарҳи 4 қонунро муаррифӣ кард.
Ба гуфтаи вай, бар асоси тағйироту иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, ки дар 11 майи соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон тасвиб шудааст, мақоми додситони нақлиётии кишвар ба мақомҳои додситонҳои шаҳру вилоятҳо баробар шудааст.
Ҳамчунин, ба Қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” тағйирот ворид шуд, ки тибқи он ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳангоми иҷрои корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаққи истифода аз иттилои компютерӣ ва сайтҳою шабакаҳои иҷтимоӣ дода шуд.
Санадҳои ворид кардани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонунҳо “Дар бораи милитсия” ва “Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”, ки аз ҷониби Озода Раҳмон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ муаррифӣ гардид, бо аксари кулли оро тасдиқ шуд.