Комиссияи вазорати беҳдошт навзоди дувумро пайдо накард

Кӯдакони навзод дар зоишгоҳ

Вазорати беҳдошти Қирғизистон ҷустуҷӯи як навоздро, ки ба иддаои волидон яке аз дугоникҳо буд ва дар бемористон гум шуд, ба охир расонд, вале далели воқеияти даъвои волидонро пайдо накард.

Маркази матбуотии вазорат рӯзи 11 июл гуфт, ки комиссияи махсус ин масъаларо дар таваллудхонаи минтақавии Болиқчӣ бозҷӯӣ кард, вале чизе наёфт.

Комиссия ба хулоса расид, ки шаҳрванд Н.М. дар қайди бемористони шаҳрӣ буд ва табибон дар бемористон гуфтанд, вай дар батнаш дугоник дорад. Наздик ба вақти зоймон ин зан бо хатари таваллуди пеш аз муҳлат дар таваллудхона бистарӣ шуд, аммо дугоник будани тифлҳо тасдиқ наёфт. Натиҷаи ташхис ҳар дафъа дигар буд.

Табибон мегӯянд, эҳтимол дорад, кормандони ташхисгоҳ иштибоҳ кардаанд. "Ҳангоми таваллуд ин зан ҳамагӣ як духтарча таваллуд кард. Бо назардошти ташхисҳо ва ҳуҷҷатҳо, тасдиқи тифли дувум ғайриимкон аст", - омадааст дар хулосаи комиссия.

Ҷанҷол дар бемористони Баликчӣ ибтидои моҳи июл бархост. Модари ҷавон мегӯяд, яке аз тифлони ӯро табибон гирифтаанд. Зеро ба гуфтаи ин модар, дастгоҳҳои ташхис ҳашт маротиба ду тифл доштани ӯро собит карданд. Аммо табибон мегӯянд, зан дар ҳолати таваллуд нимаҳушёр буд ва раванди таваллудашро назорат мекард.