Марде дар Қазоқистон бо эътироз аз додгоҳ домани занона пӯшид

Қазоқистон - марде ба нишони эътироз алайҳи додгоҳ домани занона ба бар кард

Дар Чимкенти Қазоқистон марди маҳаллие рӯзи 10 июл дар назди бинои додгоҳи вилоятӣ бо домани занона зоҳир шуд.

Ин мари 30 сола, ки нахост чеҳра ва номаш ошкор шавад, сабаби эътирозашро иштибоҳ дар матнҳои додгустарҳои маҳаллӣ унвон кард, ки дар як санад ҷинсияти ӯро "зан" навишта, дар ҳуҷҷати дигар ҷои зисташро ғалат нишон додаанд.

Додгустари вилоятӣ Мухтор Каримов гуфт, ки ба онҳо ба номаи эътирозгар аллакай посух доданд. "Агар даъво доред, ки қарори додгоҳ ба шаъну шарафи шумо зиён овардааст, метавонед шикояти расмӣ кунед", - ҷавоб дод Мухтор Каримов ба марди эътирозгар.

Марди эътирозгар баъдтар хабар дод, ки ба раиси додгоҳи вилоятӣ ва Додгоҳи олӣ дар робита ба ин ҳодиса муроҷиат кардааст.