Доналд Трампи хурдӣ, писари бузурги президенти Амрико Доналд Трамп, дар ҷараёни маъракаи интихоботии соли 2016 барои дарёфти маводи бадномкунандаи Ҳиллари Клинтон, бо адвокати наздик ба Кремлин Наталя Веселнитская мулоқот кардааст. Дар ин бора нашрияи "The New York Times" бо такя ба се манбаъ дар Кохи Сафед гузориш дод.
Сӯҳбати писари Трамп бо вакили рус дар ситоди Трамп, дар Манҳэттен вақте ҷараён гирифт, ки Доналд Трампи калонӣ, аллакай номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми раёсати ҷумҳур буд. Саволи марказӣ дар таҳқиқи "нақши Русия дар маъракаи интихоботи президентӣ" ин аст, ки оё дар байни ситоди Трамп ва Русия маслиҳати пешакӣ вуҷуд дошт ё хайр. Мулоқоти Трампи хурдӣ бо вакили наздик ба Кремлин Веселнитская аввалин далелест, ки ҳади ақал баъзе нафарон дар ситоди Трамп ба гирифтани кӯмак аз Русия омода буданд.
"The New York Times" маълумот надорад, ки билохира ин вакил ба нафарони номзади ҷумҳурихоҳ маводи бадномкунандаи Клинтонро дод ё не. Трампи хурдӣ рӯзи шанбе ба суоли нашрия, ки ҳадафи мулоқоти ӯ бо вакили рус чӣ буд, гуфт, ки онҳо масъалаи барномаи қатъшудаи фарзандхонии амрикоиҳо дар Русияро матраҳ карданд ва ҳарфи Клинтон дар миён набуд. Аммо ӯ рӯзи дигар тавзеҳ дод, ки сӯҳбат аз изҳороти Веселнитская сар шуд ва ин вакил аз сармоягузории нафарони марбут ба Русия ба маъракаи Ҳизби Демократ ва шахсан Клинтон хабар дод. Трампи хурдӣ гуфт, азбаски ҳарфҳои ҳамсӯҳбаташ маълумоти мушаххас надошт, ӯ сӯҳбатро ба барномаи фарзандхонӣ кашид.
Барномаи фарзандхонӣ баъди қабули "Қонуни Магнитский" дар Амрико мутавақиф шуд. Ба гуфтаи нашрияи "The New York Times", Веселнитская як муддат таҳти назорати FBI афтид, зеро аз мақомоти Русия ҳимоят мекард, ки Магнитский онҳоро ба сирқати миллионҳо доллари буҷа муттаҳам карда буд.