"Тоҷик эйр" дар як рӯз ба Хоруғ се парвоз анҷом медиҳад

Ширкати “Тоҷик Эйр” аз омодагиаш барои анҷоми парвозҳо ба Бадахшон хабар медиҳад. Рӯзи 10-уми июл ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” бо пахши варақаи иттилоотӣ хабар дод, ки барои азсар гирифтани парвозҳо ба Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон омода шудааст. Ба итилои манбаъ, ба ин манзур ҳавопаймои АН-28 аз таъмир гузашта, барои парвозҳо омода шудааст. Дар баёния гуфта шудааст, ки бо дарназардошти баста будани роҳи мошингард ба Душанбе-Хоруғ, ин ширкат омода аст рӯзе дар масири Душанбе-Хоруғ, се парвоз анҷом диҳад. Дар гузашта низ ин ширкат чанд маротиба дар бораи азсаргирии парвозҳо дар ин масир хабар дода буд. Агар ин дафъа ин хабар воқеият дошта бошад, парвозҳо аз Душанбе соати 7-и субҳ оғоз шуда, як соату 15 дақиқа идома меёбад. Арзиши парвоз 680 сомонӣ ва барои кӯдакони то 5-сола билети парвоз ройгон будааст.