Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки панҷ кӯдак аз минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ба кишвар оварда шудааст. Раҷабгул Ҳабибуллозода, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак, рӯзи 7-уми июл дар Душанбе гуфт, ин кӯдаконро волидонашон ҳамроҳи худ ба майдонҳои ҷанг бурда буданд.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак шеваи баргардондани онҳо ва, инчунин, дар бораи инки оё кӯдакон ҳамроҳи волидонашон ба кишвар оварда шуданд ва дар чӣ шароите қарор доранд, маълумот надод. Вале гуфт, “фикр мекунам, ки барои ҳифзи ин кӯдакон, ба онҳо кумак, бахусус кумаки психологӣ расонда шавад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар як гузориш ба Созмони Милали Муттаҳид гуфта буданд, ки беш аз 200 кӯдаки тоҷик, аз ҷумла 95 духтар, дар минтақаҳои таҳти назорати ҷангҷӯён дар Ироқу Сурия ҳастанд. Раҷабгул Ҳабибуллозода гуфт, онҳо тамоми талошро хоҳанд кард, то ин кӯдакон ба ватан оварда шаванд.
То кунун мақомот аз пайвастани беш аз 1100 шаҳрванди кишвар ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ва иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ хабар додаанд. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки хабари марги сесад нафари онҳо тариқи наздиконашон тасдиқ шудааст. Бархе ин афрод ҳамроҳи ҳамсару фарзандонашон рафта буданд.