Дар як задухӯрди аъзои гурӯҳи ниманизомии маҳаллӣ дар вилояти шимолии Қундузи Афғонистон шаш мулкӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса субҳи 7 июл дар вулусволии Хонободи Қундуз рух дод. Дар ин бора як масъули ҳукумати маҳаллӣ хабар додааст.
Дар Афғонистон гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳе вуҷуд дорад, ки зери раҳбарии фармондеҳони худхонда амал мекунанд. Бархе аз ин гурӯҳҳо аз ҳукумат пуштибонӣ карда зидди Толибон меҷанганд. Ин гурӯҳҳо миёни ҳамдигар ҳам рақобат мекунанд ва гоҳо сабаби осеб дидани сокинони мулкӣ мешаванд. Гурӯҳҳое, ки дар Қундуз даргирӣ карданд, ба Толибони рабте надоранд.