Порлумони Аврупо аз қатъи музокироти воридшавии Туркия ба Иттиҳоди Аврпуо пуштибонӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5-уми июл гузориш дод.
Сабаби аслии ин тасмим ислоҳоти Қонуни асосии Туркия гуфта мешавад, ки салоҳияти президент Раҷаб Таййиб Эрдуғонро афзоиш додааст. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо бар ин назаранд, ки Туркияи таҳти раҳбарии Эрдуғон ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ нест.
Анкара барои дарёфти узвияти Иттиҳоди Аврупо беш аз даҳ сол аст, ки талош мекунад. Умар Челик, вазири Туркия дар умури масоили Аврупо, тасмими порлумони Аврупоро “иштибоҳи ваҳшатнок” унвон кард. Моҳҳои ахир равобити Анкара ва Брюссел ба бӯҳрон рӯ ба рӯ аст. Иттиҳоди Аврупо Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба саркӯби мухолифин ва тамаркузи қудрат дар як даст муттаҳам мекунад.
Ҳафтаи гузашта мақомоти Олмон дархости Эрдуғонро барои мулоқот бо ҷамъияти туркҳо рад карданд. Эрдуғон мехост, дар ҷараёни иштирокаш дар нишасти G20 дар Ҳамбург ин мулоқотро баргузор кунад.
Қаблан низ мақомоти Олмон аз мулоқоти вазирони Туркия бо туркҳои Олмон ҷилавгирӣ карданд, ки мехостанд таблиғи ислоҳоти Қонуни асосиро ба роҳ монанд.