Русия бо тарҳи қатъномаи маҳкумкунандаи озмоиши мушаки байниқоравии баллистикии Кореяи Шимолӣ, ки ИМА ба баррасии СММ пешниҳод кард, мухолифат нишон дод. Русия иддао дорад, ки ин мушак миёнапарвоз, на дурпарвоз буд ва гуфт, ки барои тағйир додани ин қатънома дар Шӯрои амнияти СММ пофишорӣ хоҳад кард.
Чунин мавқеи Русия посухгӯи умедвориҳои Вашингтон нест, ки мехоҳад болои Пхенян таҳримҳои шадидтар эъмол кунад. Дар ин замина пештар сафири ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ изҳори назар кардааст. Маскав бовар дорад, ки Кореяи Шимолӣ дар озмоиши ахираш рӯзи 4 июл як мушаки миёнапарвозро партоб карда буд.
Вале ИМА бо иддаои Кореяи Шимолӣ розӣ шуд, ки силоҳи озмудашуда аз навъҳои нави мушакҳои байниқоравии баллистикӣ аст ва ба андешаи Вашингтон, ин силоҳ намунаи пешрафти технологӣ мебошад. Ҳайати Русия дар СММ гуфт, ки бо чунин арзёбиҳо розӣ шуда наметавонад. Русия бо мухолифаташ ба қабули қатъномаи нав нисбати Кореяи Шимолӣ овоздиҳиро дар СММ масдуд мекунад.